Иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон санаи 15 май ба шаҳри Ваҳдат сафар намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, меҳмононро дар назди Қасри фарҳанги шаҳр аҳолии Ваҳдат бо роҳбарии раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амирзода бо садои карнаю сурнай ва нону намак пешвоз гирифтанд.

Гуфта мешавад, ба ифтихори ташрифи меҳмонон намоиши ҷолиби ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардида буд. Меҳмонони беларусӣ бо шавқ тоқиҳои зардӯзиву гулдӯзӣ, пероҳани чакану адрас, ҷӯробҳои милливу сӯзаниву чодар ва сабаду табақҳоро тамошо карданд. Онҳо инчунин бо гулдухтарони шаҳри Ваҳдат зери оҳанги тоҷикӣ рақсиданд.

Сипас дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат барномаи бошукӯҳи ҳунарии ҳайати эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон манзури тамошобинон гардид.

Аҳли толор ба барномаи ҷолиби ҳунарпешаҳои беларусӣ аҳсан хонданд. Рақсҳои ҷолибу миллии ансамбли «Хорошки», таронаҳои дилнавози ҳунарпешаҳои хизматнишондода Владимир Громов ва Алёна Ланская аз ҷониби аҳли толор бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол гардид. Суруди машҳури «Муҳаббат», ки армуғони меҳмонони беларусӣ ба аҳли толор буд, ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки шоми имрӯз, 16 май соати 17:30 дар фойеи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоишгоҳи осори санъати тасвирии «Беларус ва белорусҳо» ифтитоҳ меёбад.

Ҳамчунин соати 18:00 дар толори театри мазкур барномаи бошукӯҳи консертии ҳунарпешагони белорусӣ манзури тамошобинони тоҷик мегардад.