Шумо шояд аллакай огаҳед, ки дар шаҳри қадимаи Истаравшан ёдгории бостонии асри V то мелод - Қалъаи Муғро таъмиру бозсозӣ ва барқарор карданианд. Мо тасмим гирифтем, ки бевосита ба ин шаҳр-осорхона рафта, гузорише таҳия намоем.

Дар ин гузориш дар бораи таъмиру навсозии қалъа, ки зеобоияш қалбҳоро тасхир мекунад, маълумот дода мешавад. Қалъа дар баландии 1040 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, масофаи деворҳои он беш аз 600 метр ва майдони умумиаш 7 гектарро ташкил медиҳад.

Табиист, ки ин иншоот натанҳо аз нигоҳи зебоӣ қобили таваҷҷуҳ аст: тобистони соли 1933 дар ин ҷо таҳти раҳбарии шарқшиноси маъруф А.Фрейман ҳафриёт гузаронида шуда, дар харобаҳои қалъа беш аз 100 бозёфтҳо пайдо шуд. Бойгонии иборат аз 74 ҳуҷҷат бо забони суғдӣ, 1 санадӣ - бо забони арабӣ ва туркии қадима ва якчанд ҳуҷҷат бо забони чинӣ мавриди таваҷҷуҳи зиёд қарор гирифт.

Агар шумо ҳам чизе гуфтаниву намоиш доданӣ бошед, пас бо суроғаҳои зерин бо мо дар тамос шавед: [email protected]@asiaplus.tj ва [email protected].

Ҳамчунин лоиҳаи «Салом, соседи!» ҳамтоёни тоҷику ӯзбекро ба ҳамкорӣ даъват мекунад - сюжетҳоятонро ирсол намоед, қаҳрамонҳои нав ва мавзӯъ барои гузоришҳои тозаро, ки барои ҳамсояҳо шавқовар буда метавонанд, пешниҳод кунед!