Дар Олимпиадаи ҳафтуми байнулмилалӣ, ки рӯзҳои 20-26 май дар Донишгоҳи Амити (Amity University)-и шаҳри Ноидаи Ҳиндустон доир гардид, толибилмони тоҷик 12 медали тилло ба даст оварда, ғолиби олимпиада шуданд.

«Олимпиада аз рӯи фанҳои физика, математика, кимиё ва биология гузаронида шуда, дар он толибилмони 15 давлат - Афғонистон, Охзарбойҷон, ИМА, Бангладеш, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон Қирғизистон, Непал, Молдова, Руминия, Индонезия ва дигар кишварҳо иштирок доштанд», - хабар медиҳад сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон.

Акс аз ҷониби Акмал Мирзоев пешниҳод шуд

Тавре ба «Азия-Плюс» тариқи вайбер аз Ҳиндустон яке аз роҳбарони дастаи Тоҷикистон Акмал Мирзоев дар ин робита хабар дод, мактаббачагони Тоҷикистон маротибаи дуюм аст, ки дар ин олимпиада ширкат меварзанд.

Акс аз ҷониби Акмал Мирзоев пешниҳод шуд

Дастаи Тоҷикистон аз 29 нафар толибилмон - хонандагони Маркази рушди қобилияти Раёсати маорифи шаҳри Душанбе (роҳбарон Равшан Каримов - омӯзгори математика ва Одилҷон Маматов - омӯзгори забони англисӣ), литсейҳо барои хонандагони болаёқати шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд (роҳбар Акмал Мирзоев - омӯзгори математика) иборат буда, ҳамаи онҳо ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд: толибилмони тоҷик 12 медали тилло, 5 нуқра, 8 биринҷӣ ва 6 ҷойи ифтихориро ба даст оварданд.

Дар маросими тантанавии анҷоми Олимпиада, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда доир гурдид, кормандони сафорати Тоҷикистн дар Ҳиндустон ҳузур доштанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.