Соли равон бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар қариб 20 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ дар Тоҷикистон таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда каме бештар аз 37%-ро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, давоми моҳҳои январ-апрели соли 2018 беш аз 50,8 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба Агентии мазкур муроҷиат кардаанд, ки 34 ҳазору 392 нафарашон ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, 21 ҳазору 74 нафарашон расман бекор эътироф шудаанд.

Қайд мешавад, ки бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли аҳолӣ беш аз 18,9 ҳазор нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин карда шудаанд, ки аз шумори умумии муроҷиаткардагон 37,3%-ро ташкил медиҳад.

«Шумори ками таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ ба сатҳи тахассусии корҷӯён, аз даст додани қобилияту малакаҳои корӣ ба иллати танаффуси зиёд дар кор ва ҳаҷми ночизи музди меҳнати пешниҳодшуда аз ҷониби корфармоён вобаста аст», - мегӯянд дар Агентӣ.

Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 4 моҳи соли равон 2 ҳазору 587 нафар барои бекорӣ ба маблағи умумии 1 млн. 149 ҳазор сомонӣ (130,1 ҳазор доллар) кӯмакпулӣ гирифтаанд.

Ба санаи 1-уми майи соли 2018 дар хадамоти Агентии шуғли аҳолӣ зиёда аз 83,1 ҳазор нафар ҳамчун афроди корҷӯ ва ҳудуди 53 ҳазор нафар ҳамчун шаҳрвандони расман бекор ба қайд гирифта шудаанд.

Қобили зикр аст, ки чанд рӯз қабл шумори аҳолии Тоҷикистон ба 9 млн. нафар расид. Тибқи маълумоти гуногун, беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон имрӯз дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишвар, асосан дар Русия қарор доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.