Дар бозии нимфиналии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол байни дастаҳои Хорватия - Англия тими Хорватия пирӯз мешавад, пешгӯӣ мекунад шутур Маря аз Боғи ҳайвоноти Душанбе.

Пас аз пешгӯиҳои дурусти бозиҳои Русия - Арабистони Саудӣ ва Уругвай - Франсия, ин дафъа шутур Маря ғолиби бозии нимфиналии Хорватия - Англияро интихоб кард.

Тибқи пешгӯии шутур, дар ин вохӯрӣ, ки рӯзи 11 июл баргузор мешавад, футболбозони хорватӣ пирӯзӣ ба даст меоранд. Маря яке аз зарфҳои хӯрок бо навиштаҷоти номи дастаҳоро интихоб мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.