Форуми байналмилалии санъати мақом дар Ӯзбекистон рӯзҳои 6-10 сентябр бо ташаббуси президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев таҳти сарпарастии ЮНЕСКО дар шаҳри Шаҳрисабз доир гардид.

Академияи мақоми Тоҷикистон ба дарёфти Шоҳҷоизаи Форуми байналмилалии санъати мақом дар Ӯзбекистон ва 15 ҳазор доллар мукофотпулӣ шарафёб гардид.

Дар форуми Шаҳрисабз Тоҷикистонро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Озодахон Ашӯрова, мақомсароёни маъруфи ҷумҳурӣ Насиба Омумбаева, Тоҳирҷон Ҷӯраев, Сироҷиддин Ҷӯраев, Мурод Ҷумъаев, Ҷамшед Эргашев, Хуршед Иброҳимов, Камолиддин Ҳамдамов намояндагӣ карданд.

Форуми мазкур бо мақсади эмин нигаҳдории мусиқии анъанавӣ, пешбурди муколамаи фарҳангӣ, рушди гуногуншаклӣ тавассути дастгирии эчодкорӣ гузаронида мешавад.

Дар форум намояндагони 73 кишвар ширкат варзиданд. Ба Шаҳрисабз 162 нафар иҷрокунандагони мақоми классикӣ аз 29 кишвар омада, рӯйдодҳои чорабиниро рӯзноманигорони 30 кишвари дунё инъикос намуданд.

Ҳамчунин дар доираи кори форум бо иштироки намояндагони 20 кишвари ҷаҳон дар мавзӯи “Санъати мусиқии мақом ва мавқеи он дар тамаддуни ҷаҳонӣ” конфронси илмиву амалӣ доир гардид.

Қобили зикр аст, ки Академияи мақоми Тоҷикистон дар ҷашнвораҳои зиёди байнулмилалӣ ширкат варзида, санъати мақомсароиро дар бисёре аз кшварҳои саросари дунё, аз ҷумла давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Русия, Аврупо, ИМА ва дигар кишварҳои Шарқ, аз қабили Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Эрон ва Чин муаррифӣ кардааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.