Аз 17 то 22 сентябр дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи Фаронса доир мегардад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар хабар дод.

Ӯ изҳор намуд, ки дар доираи Ҳафтаи Фаронса вохӯриҳои шарқшиносону бостонишиносони тоҷику фаронсавӣ баргузор шуда, ҳамчунин намоиши филми тасвирии коргардони Фаронса Реми Шае “Дар боми ҷаҳон” ва намоиши эҷоди тарроҳони тоҷик Хуршеда Сатторова ва Фарвардини Оташин ташкил карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, сафир иттилоъ дод, ки беш аз 200 адад нигораву ёдгориҳои осорхонаҳои Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли оянда то аввали моҳи феврали соли 2020 дар осорхонаи Гимеи шаҳри Париж ба маърази тамошо гузошта шуда, давми се моҳ Тоҷикистон дар маркази пойтахти Фаронса мавриди таваҷҷуҳ қарор хоҳад гирифт.

Ӯ мутмаин аст, ки намоишгоҳи Тоҷикистон дар яке аз осорхонаҳои маъруфи ҷаҳон ба афзоиши шумори сайёҳон аз Париж ба Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард, зеро ба қавли сафир, ҳамасола наздики 87 млн. нафар сайёҳони хориҷӣ аз Фаронса боздид мекунанд.

“Барои намоишгоҳ дар осорхонаи Гиме нигораву ёдгориҳои хеле арзишманду ҷолиб интихоб шудаанд, ки бостоншиносон дар Саразму Бохтар ва Паҷакент дарёфтаанд”, - зикр кард Ясмин Гуедар.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.