Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон рӯзҳои 13-14 октябр бори нахуст дар Душанбе Фестивали байнумилалии ҳунармандии “Чакан” баргузор мешавад.

Фестивал бо ташаббуси Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Мақомоти шаҳрдории пойтахт гузаронида мешавад.

Дар барномаи фестивал қайд мешавад, ки дар ин чорабинӣ беш аз 100 нафар ҳунармандону косибон маҳсули дастони худро ба маърази тамошо мегузоранд.

“Дар фестивал маҳсулоти гулдӯзӣ, дӯзандагӣ, сӯзаниҳо, атласу адрас, маснӯот аз сангҳои қиматбаҳо, маҳсулоти кандакорӣ, маснӯот аз муҳра, маснӯоти наққошиву кулолгарӣ, маснӯоти заргарӣ, созу асбобҳои мусиқӣ ва ғайра ба намоиш гузошта мешавад”, - гуфта мешавад дар барномаи фестивал.

Ба гуфтаи дастандаркорони чорабинӣ, дар доираи фестивал ҳамчунин барномаҳои маърифатӣ ва фароғатӣ, семинару машғулиятҳои гуногун ва ярмаркаи фурӯши маҳсули дастони ҳунармандону косибон низ доир мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.