Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз Озмун-фестивали ҷумҳуриявии “Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон” ба кор шурӯъ мекунад.

Бино ба маълумоти Кумитаи тадорукот, озмун-фестивал таҳти шиори “Ҷавонон созандагони Ватан” доир мегардад. Барои иштирок дар он аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ беш аз 700 дархост ворид гардида, аз байни онҳо 450-тоаш интихоб шуд.

Аз ҷумла, аз вилояти Хатлон 120 нафар, Суғд – 116, ВМКБ – 16, шаҳри Душанбе – 43 ва ноҳияҳои тобеи марказ – 89 нафар навоварону ихтироъкорони наврасу ҷавон иштирок мекунанд.

Корҳо ва лоиҳаҳои пешниҳодшудаи толибилмони мактаб ва донишҷӯён қариб тамоми самтҳои муҳими илму техникаи муосир – физика, кимиё, механика, дорусозӣ ва таҷҳизоту дастгоҳҳои маиширо фаро мегиранд.

Барои наврасони то 14-сола ва ҷавонони аз 15 то 30-сола се ҷоиза муқаррар шудааст. Ғолибон бо диплому ифтихорномаҳои фестивал, туҳфаҳои арзишманду хотиравӣ ва мукофотпулиҳо аз сарпарастони озмун аз қабили Бонки байнулмилалии Тоҷикистон,  Бонки Эсхата, ширкатҳои Tcell, "Авесто групп", «Барф», «555», Сатурн-1, «Шамс ва Ко», Сомон Эйр, «Хуаксин Ғаюр цемент», Coca Cola ва ғайра сарфароз гардонида мешаванд.

Дастгирии иттилоотии озмун-фестивал аз ҷониби расонаҳои  «Азия Плюс», Радиои «Ватан», ТВ «Сафина», «Тоҷикистон», «Баҳористон» амалӣ мешавад.

Созмондиҳандагони чорабинӣ қайд мекунанд, ки ҳадаф аз баргузории озмун-фестивал ошкор намудани имконоти наврасону ҷавонон дар навовариву ихтироъкорӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандсозии нияти онҳо ба ин кор дар самтҳои гуногуни техникӣ мебошад.

Зикр шуд, ки намоишгоҳи навоварӣ ва ихтироъкории наврасону ҷавонон ҳамчунин ба пешбурди афкори инноватсионӣ мусоидат намуда, барои толибилмону ҷавонони қобилиятнок таконе барои интихоби касби ояндаашон шуда метавонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.