Рӯзи 27 октябри соли равон ҳунармандони Сирки Россия бо шоу-барномаи рангини «Драйв» ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба масъули барномаи ҳунарии Сирки Россия Виталий Ковалёв хабар медиҳад, барномаҳои онҳо 28 октябр дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон оғоз мегарданд. Ба таъкиди мавсуф, мухлисони ин навъи санъатро барномаҳои ҷолибу диданӣ интизоранд.

«Ҳунарпешагони Россия барои мухлисони ин намуди санъат барномаҳои ҷолибу рангин омода намудаанд, ки ба он бозиҳои миллии испанӣ, бозӣ бо чархофалакҳо ва дигар барномаҳои диданӣ ворид гардидаанд»,-иброз дошт Виталий Ковалёв.

Бино ба иттилои манбаъ, дар барномаи мазкур ҳамчунин бозӣ бо аспҳои шотландӣ ва ҳунарнамоии  гимнастҳои ҳавоӣ,  дорбозҳо, чашмбандон, масхарабозон ва кордбозҳо дохил мешавад.

Сурат: gomel-circus.narod.ru

Гуфта мешавад, дар ин барнома ороиши саҳна ва мусиқӣ бо усули хосса интихоб шуда, табъи ҳозиринро болида мегардонад. Намоишҳои аввалин 28 октябр соатҳои 12.00 ва 16.00 баргузор мешаванд. Арзиши чипта аз 30 то 80 сомониро ташкил дода, даромад барои кӯдакони то 3-сола бо шаҳодатномаи таваллуд ройгон аст.

Зикр мегардад, ки солҳои охир ҳамкории Сирки давлатии Тоҷикистон бо ҳунармандони сиркҳои кишварҳои хориҷӣ боз ҳам мустаҳкамтар гардида, пешниҳоди омаду рафт ва таҳияи барномаҳои ҷолиб миёни ҳам беҳтар мешавад. Аз ҷумла, намоиши барномаҳои сиркбозони тоҷик хеле ҷолиб гардида, сафарҳои кории онҳо ба хориҷи дуру наздик афзудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.