Дар Facebook, гурӯҳи Pamir News сурати пешвоёни ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар партави меҳмонхонаи “Тоҷикистон” дар Душанбе нашр шуда, дар он зикр мегардад, ки онҳо ба сайру саёҳати Тоҷикистон баромадаанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ВМКБ дар ин робита хабар дод, Душанбеи расмӣ онҳоро ба осоишгоҳи “Баҳористон (воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд) даъват намуда, лекин на ҳамаашон ин даъватро пазируфтаанд.

“Онҳоро ба “Баҳористон” даъват карданд, лекин Мамадбоқир Мамадбоқиров ва Хурсанд Мазоров аз сафар худдорӣ карданд. Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Мунаввар Шанбиев ва Зоир Раҷабов розӣ шуда, азми сафар карданд. То ҷое ман огаҳӣ дорам, айни замон онҳо дар Душанбе мебошанд”, - хабар дод манбаъ, вале пешниҳоди чузъиёти дигар маълумотро рад кард.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 27 октябр дар чанде аз ВАО маълумоте нашр шуд, ки пешвоёни ғайрирасмии ВМКБ ба Душанбе омада, вохӯрӣ бо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дархост кардаанд.

Гуфта мешуд, пешвоёни ғайрирасмӣ аз он норозӣ будаанд, ки “дар ВАО-и давлатӣ онҳоро роҳбарони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ном мебаранд ва онҳо ба Сарвари давлат исбот карданӣ будаанд, ки ба гурӯҳҳои мазкур ҳеҷ муносибате надоранд”.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.