Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 3 ноябр бо иштироки роҳбарони бемористони ёрии таъҷилии тиббӣ ва шуъбаи ёрии таъҷилии маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-и пойтахт ва роҳбарони вазорат таҳти сарварии вазир Насим Олимзода маҷлис доир гардид.

Дар номаи расмии ирсолгардидаи Вазорат ба унвони идораи “Азия-Плюс” қайд мешавад, ки маҷлис дар робита ба ҳодисаи санаи 2 ноябр рухдода ва маводи нашршуда дар сомонаи “Азия-Плюс” худи ҳамон рӯз дар ин бора - «Скорая едет час, а к нетрезвым не едет вообще» даъват карда шуд.

“Аз ҷониби роҳбарияти Вазорат қазияи мазкур пурра омӯхта шуда, нисбати навбатдорони Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ” ва шуъбаи ёрии таъҷилии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе, ки ба макони ҳодиса даъват гардида буданд, чораҳои интизомӣ ба роҳ монда шуда, тибқи фармоиш ҳарду навбатдор аз кор зода карда шуданд”, - омадааст дар мактуб.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда зери пули байни КТН “Шарқи озод” ва нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Сим-Сим” марди дар замин хобидае беҳушу беёд дарёфт шуд, ки ба кумаки таъҷилии тиббӣ эҳтиёҷ дошт. Автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ як соат пас аз занг задан ба ҷойи ҳодиса расид.

Ба гуфтаи табибон, ин мард шароб истеъмол карда, меъёрҳои нишондиҳандаҳои зарурии ҳаётан муҳим дар ҷисмаш муътадил аст ва онҳо ният надоранд, ки ӯро ба бемористон интиқол диҳанд.

Мудири дафтари радиои "Озодӣ” дар Душанбе Ниссо Расулова дар Фейсбук навори видеои ин ҳодисаро гузоштааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.