Тарбиятгирандагони Академияи арифметикаи зеҳнии «Империя знаний»-и Тоҷикистон дар олимпиадаи байнулмилалӣ дар шаҳри Маскав соҳиби 28 медал шуданд. Боз 4 медали дигарро онҳо дар мусобиқаи чемпионати Roboliga World ба даст оварда, ба туфайли он Тоҷикистон ҷоми Robooky-ро гирифт.

Рӯзҳои 3-4 ноябр дар Шаҳри Маскав олимпиада оид ба арифметикаи зеҳнӣ, робототехника ва инжиринг доир гардид. Дар он 350 нафар толибилмон аз 10 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус, Арманистон ва Абхозистон ширкат варзиданд.

1/12

Академияи арифметикаи зеҳнии «Империя знаний» 33 нафар толибилмони худро ба ин олимпиада фиристода, дар 9 номинатсияи арифметикаи зеҳнӣ онҳо 28 мақоми ҷоизавиро ишғол намуданд: 6 медали тилло, 11 нуқра ва 11 биринҷӣ.

Дар флеш-чемпионат Абӯбакр ва Ёсуман Исмозода зинаҳои дуюм ва сеюмро касб карданд. Акнун беҳтаринҳо ба олимпиадаи PAMA Global Abacus & Mental Arithmetic Association ба Малайзия мераванд.

Дар чемпионат оид ба эҷодиёти техникӣ Roboliga World Тоҷикистон дар се номинатсия иштирок карда, ду ҷойи аввал, ду ҷойи сеюм ва роҳхат ба Барселонаро ба даст овард. Дар ҳисоби умумидаставӣ оид ба медалҳо байни 10 кишвар Тоҷикистон зинаи аввалро ишғол кард.

Қобили зикр аст, ки иштироки тарбиятгирандагони “Империя знаний” дар ин олимпиада бо дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ муяссар гардид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.