Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ имрӯз Рӯзи театри тоҷик ҷашн гирифта мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.

Дар чорабинии ҷашнӣ раҳбарияти Вазорати фарҳанги кишвар, ҳунармандони театр, коргардонҳо ва тамоми касони алоқаманд бо театр штирок мекунанд.

“Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Рӯзи театри тоҷик ва 80-солагии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Лауреати мукофоти давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, композитор Фаттоҳ Одина таҷлил карда мешавад”, - қайд мешавад дар маълумоти Вазорати фарҳанг.

Бино ба иттилои манбаъ, дар чорабинӣ театрҳои шаҳри Душанбе бо порчаҳо аз намоишномаҳо ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Фаттоҳ Одинаев Арбоби ҳунари шоистаи Тоҷикистон, узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон, Лауреати мукофоти ба номи А.Александров ва Лауреати мукофоти давлатии ба номи А.Рӯдакӣ мебошад.

Аввалин театри ҷумҳуриявӣ дар кишвар моҳи октябри соли 1929 ифтитоҳ гардида буд. Соли 1933 театр Абулқосим Лоҳутӣ номгузорӣ шуд.

Бо қабули қонун дар бораи фарҳанг соли 1997, санаи 7 ноябр ҳамчун Рӯзи театри тоҷик муқаррар шуд.

Айни замон дар Тоҷикистон 18 театр фаъолият доранд, ки 6-тои он дар шаҳри Душанбе ҷойгир мебошанд.

Дар паёми табрикотии вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода зикр мегардад, ки дар нӯҳ моҳи соли 2018 дар 18 театри касбии кишвар 47 асари нав саҳнавӣ гардида, баргузории Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ба ҷашнвораи ҳиқиқии аҳли театр табдил ёфт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.