Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон 70-солагии қабули Қатъномаи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башарро ҷашн мегирад.

Дар ҳошияи чорабиниҳо ба ин муносибат дар Тоҷикистон, СММ маърака оид ба баланд бардоштани огаҳиро дар бораи ҳифзи ҳуқуқи инсон таҳти унвони “Ҳуқуқи Шумо – имконоти Шумо” баргузор менамояд, ки аз 9 ноябр то 10 декабри соли 2018 доир гардида, бо баргузории нишасти хабарӣ оғоз мегардад.

Дар нишасти хабарии санаи 9 июн Нақшаи СММ дар мавриди амалисозии маъракаи 30-рӯзаи “Ҳуқуқи Шумо – имконоти Шумо” муаррифӣ мешавад, ки аз чорабиниҳои муштараки СММ, шарикони давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иборат аст.

Дар вохӯрӣ бо намояндагони васоити ахбори умум Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Пратибха Мехта иштирок мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.