Дар шаҳри Хуҷанд маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни “Беҳтарин соҳибкори соли 2018”, баргузор шуд, ки бо ибтикори Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси вилояти Суғд роҳандозӣ гардида буд. Бар асоси ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2018, ширкати Tcell ҷоизаи ифтихории озмунро дар бахши “Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи коммуникатсия ва нақлиёт” ба даст овардl

Бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар минтақа озмуни вилоятии “Соҳибкори беҳтарини соли 2018” бо қарори Раиси вилояти Суғд аз моҳи апрели соли равон оғоз гардида, то моҳи декабр идома кард. Ин иқдом бо ҳадафи беҳбудсозӣ ва мусоидат дар тақвияти фазои иқтисодию иҷтимоии вилоят роҳандозӣ шуда буд.

Озмун аз рӯи 42 номгӯй ва 8 бахши соҳибкорӣ ҷараён гирифта, дар он теъдоди зиёди соҳибкорон, ширкатҳо ва муассисаҳои вилояти Суғд иштирок намуданд. Ширкати Tcell  «Беҳтарин соҳибкори сол» дар бахши “Беҳтарин соҳибкори вилоят дар соҳаи коммуникатсия ва нақлиёт” эътироф гардид.

Барои Tcell як чунин шинохту қадрдонӣ аҳамияти бузург дорад: ширкати Tcell ҳамарӯза шабакаашро тақвият медиҳад, технологияи муосирро роҳандозӣ менамояд, фаъолияти иҷтимоӣ ва навоварона (иноватсионӣ)-ро марҳила ба марҳила беҳтар месозад. Ширкат ба унвони яке аз сохторҳои марбути Бунёди Оғохон оид ба рушд (AKFED), дар чаҳорчӯби фаъолияти иҷтимоиаш ба бахши соҳибкорӣ таваҷҷуҳи зарурӣ медиҳад ва саҳми худро дар пешрафти иқтисоди кишвар мегузорад. 

«Ин мукофот қабл аз ҳама ба муштариёни мо таалуқ дорад. Маҳз онҳо ҳастанд, ки моро интихоб мекунанд, бо мо мемонанд ва барои мо имконияти рушдро фароҳам меоранд, ин омил ба мо такон мебахшад, моро рӯҳбаланд месозад”, мегӯяд Фирдавс Махсумов, Директори бахши Тсеll дар вилояти Суғд. 

___________________

  Tcell –бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.