Сокини 60-солаи ноҳияи Қумсангир Абдуғаффор Қурбонов нахустин шахсе дар ҷумҳурӣ мебошад, ки ба парвариши қулфинай (клубника) аз тухмии амрикоии ба сардиҳо тобовар машғул шуд.

Барои ба ин кор даст задани мард хоҳиши набераҳояш сабаб шуд, ки дар фасли зимистон тановули ин меваро дархост намуданд, лекин дар ин вақт чунин мева набуд. Аз ин рӯ, ӯ тасмим гирифт, ки худаш ба парвариши он машғул мешавад.

Бо ин мақсад ӯ боғи ниҳоли сеқабата сохта, онро бо низомии обдиҳии қатраӣ муҷаҳҳаз намуд. Ҳосиле ба даст омад, ки натанҳо барои оила, балки ба тамоми Қумсангир кофӣ буд.

Натиҷа дасту дили мардро ба кор дилгарм намуда, акнун ӯ 40 ҳазор ниҳоли кӯчат дорад. Ният дорад қариб тамоми сол ҳосили қулфинайро ба сарсосари кишвар расонад. Ва агар корҳо барор гиранд, ба содироти он низ машғул шавад.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.