Агентии таҳлилии ТурСтат рейтинги арчаҳои солинавии кишварҳои ИДМ-ро дар ҷашнҳои солинавии 2019 аз лиҳози натиҷаҳои таҳлили баландии онҳо дар пойтахтҳои кишварҳои узви ИДМ таҳия намуд.

Арчаи асосии солинавии Тоҷикистон бо баландии 28 метр санаи 10 декабр дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе қомат афрохт.

Арчаи солинавӣ дар майдони Кремли шаҳри Маскав пешсафи арчаҳои зинда байни пойтахтҳои кишварзои аъзои ИДМ дониста шуд.

Тибқи маълумоти ТурСтат, ба даҳгонаи шаҳрҳои ИДМ бо арчаҳои солинавии баланд кишварҳои зерин шомил гардидаанд: Ашқобод (38 метр), Боку (37 м), Ереван (37 м), Тошканд (35 м), Минск (30 м), Душанбе (28 м), Москва (27 м), Остона (25 м), Бишкек (25 м) ва Тифлис (25 м).

Акс аз Ғафур Шерматов

Арчаи солинавие, ки имсол дар майдони Дӯстии пойтахт гузошта шуд, баландтарин дар таърихи Тоҷикистон аст. Баландии он 28 метр ва масоҳаташ 13 метрро ташкил медиҳад. Чун соли пешин арчаи асосии кишвар имсол низ светодиодӣ буда, ин дафъа онро 14 ҳазор адад бозичаҳо зебу зинат ва оро медиҳанд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.