Рӯзноманигорон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон – Амруллоҳи Низом ва Асрор Мӯъмин пешниҳод намуданд, ки номи моҳҳои тақвими ҳозира ба номҳои ҷавобгӯи арзишҳои миллии кишварҳо иваз карда шавад.

Ҳарду рӯзноманигор ҳам мутмаинанд, ки моҳҳои тақвим бояд ба ифтихори шахсиятҳои таърихӣ ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ табдили ном кунанд.

Танҳо як моҳи тақвимҳои пешниҳодкардаи онҳо якхелаанд: Низом моҳи ноябрро Сино номидаву Асрор онро ба моҳи август нисбат додааст.

Дар гузориши видеои мо бо фикру ақидаҳои сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ин хусус шинос шавед.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.