Шумори тракторҳо дар хоҷагиҳои фермерии Тоҷикистон ба 26 ҳазор адад расида, лекин танҳо аз се ду ҳиссаи онҳо кор мекунанд. Трактор дар деҳа чизи хеле зарурӣ маҳсуб ёфта, ронандаи он низ соҳибэҳтироми аҳли деҳ мебошад.

Касби тракторчӣ дар кишвари аграрӣ хеле серталабу серхаридор аст. Аслонҷон Файзуллоев аз ноҳияи Ваҳдат аллакай муддати 20 сол аст, ки сари чанбараки “аспи оҳанин”-и худ қарор дошта, касби падарро пеша кардааст. Мавҷуд будани техникаи кишоварзӣ мардонро аз зарурати сафар ба хориҷи кишвар баҳри дарёфти ризқу рӯзӣ “наҷот медиҳад”.

Аслонҷон Файзуллоев дар 6 гектар хоҷагии деҳқонӣ дорад. Дар заминҳояш ӯ асосан зироати галладонагӣ кишт карда, қариб тамоми сол дар заминҳо машғули кор аст. Заминҳои худро кишт карда, ба ҳамосяҳо низ кумак кардан лозим аст. Ба ҳамсояҳо аксаран бепул ёрӣ медиҳад, муҳимаш онҳо ӯро бо сӯзишворӣ таъмин кунанд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.