Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ санаи 28 феврал дар пойтахт даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии “Чакомаи гесӯ” доир мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, барои ташкил ва баргузории даври шаҳрии фестивал, ки дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон баргузор мешавад, аз буҷети мақомоти шаҳрдорӣ зиёда аз 54 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мешавад.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ҳадафи аслии баргузории ин чорабинӣ эҳёи симои миллии занони тоҷик мебошад.

“Баргузории фестивал ба рушди минбаъдаи фарҳанги миллӣ тариқи намоиши беҳтарин роҳу воситаҳои нигоҳубин ва ороиши мӯй, ҳунари устову ороишгарон дар ин самт ва интихоби беҳтарин зани ороишдиҳандаи мӯи арӯс мусоидат менамояд”, - хабар доданд аз мақомоти шаҳрдорӣ.

Фестивали ҷумҳуриявии “Чакома гесӯ” тамоми ҷумҳуриро фаро гирифта, дар се давр – нахустин дар мактабҳову муассисаҳо, дуюм – дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва сеюм, ҷумҳуриявӣ – санаи 2 март дар Душанбе баргузор мешавад.

Нахустин фестивали “Чакомаи гесӯ” дар Тоҷикистон 9 сол пеш гузаронида шуд. Он замон дар марҳилаи ниҳоии фестивал президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳузур дошт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.