Мақомоти шаҳрдории Душанбе ҳаракати микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и №4-ро, ки байни маҳаллаҳои Чиноро ва Пролетар равуо мекунанд, манъ кард.

Аз 11 феврал бо ин хатсайр акнун танҳо автобусҳои тамғаи «Акиа» равуо мекунанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ.

Қобили зикр аст, ки ин қарор бо мақсади кам кардани шиддатнокии ҳаракат, танбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон қабул шудааст.

Мебояд гуфт, нахуст ҳукуматдорони пойтахт ҳаракати маршруткаҳоро дар хиёбони марказии Рӯдакӣ манъ карданд. Сипас дар дигар кӯчаҳои шаҳр, аз ҷумла кӯчаи Неъмат Қарабоев низ ба ҳаракати микроавтобусҳо роҳ дода нашуда, дар он танҳо автобусу троллейбус ва таксиҳо ба мусофиркашонӣ машғуланд.

Айни замон дар шаҳри Душанбе беш аз 3 ҳазору 31 адад микроавтобусҳо ба мусофирон хизматрасонӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.