Дар остонаи ҷашни баҳору зебоӣ, назокату муҳаббат ба занон – Рӯзи модар “Ориёнбонк” зери унвони “Модарчон, ман шуморо дуст медорам!” аксия баргузор намуд.

Ҳадаф аз баргузории ин иқдом табрику таҳнияти бонувон бо фарорасии фасли баҳор буда, ҳамзамон ба мардон хотиррасон кардани он аст, ки табрики модарону ҳамсарон ва хоҳарон ва ба сурати умум занони дӯстдоштаи худро бо ин ҷашн фаромӯш насозанд.

Ин иқдоми баҳоронаи “Ориёнбонк” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб гузаронида шуд. Кормандони бонк ба мизоҷон ва роҳгузарон хотиррасон мекарданд: “Ба наздикӣ 8 март фаро мерасад, табрики модарро фаромӯш накунед!”. Ва ба онҳо гулу шоколадҳои махсус тақдим карданд, ки дар онҳо навиштаҷоти “Модарҷон, ман шуморо дуст медорам!” ҷой дошт.

1/31

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.