Дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон масъалаи болоравии нарх ба интернети мобилиро шарҳ доданд.
Тавре ба “Азия-Плюс” мутахассиси хадамот Раҷабалӣ Маҳсиддинов хабар дод, арзиши интернети мобилӣ бо мақсади беҳтар кардани суръати интернет боло бурда шуда, минбаъд ширкатҳои мобилӣ ба афзоиши суръати интернет аз 512 Мб то ба 1024 Мб дар як сония уҳдадор мешаванд.
Ҳамчунин дар тамоми қаламрави кишвар операторони мобилӣ бояд алоқаи навъи 4G ва LTE-ро таъмин созанд.
“Аҳолӣ аз интернеити суст шикоят мекунад. Аз ин рӯ, мо нархро ба он хотир боло мебарем, ки ширкатҳои мобилӣ ба афзоиш додани суръати интернет уҳдадор шаванд”, - иброз дошт ҳамсуҳбат.
Ҳамчунин ба қавли номбурда, таҳлили бозор нишон додааст, ки бо сабаби рушди технологияҳои нав ва истифодаи мессенҷерҳо аз қабили Viber, IMO, Instagram, Telegram, Facebook, Twitter ва ғайра, шумори зангҳои овозии мобилӣ кам шудааст.
“Ин ба андозбандӣ таъсир манфӣ расонид, - қайд кард Маҳсиддинов. Дар ҳамин ҳол ӯ аз посух ба савол дар бораи як василаи зиёд кардани воридоти маблағҳо ба буҷет будани ин тадбир худдорӣ варзид.
“Танҳо қайд карданиам, ки тағйирёбии нарх ба ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) дахл надорад. Одамон метавонанд интернети ноқилӣ дастрас намуда, беташвиш аз он истифода кунанд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти як манбаи огаҳ аз ҳукумати Тоҷикистон, ҳадафи аслии боло бурдани арзиши интернет зиёд кардани воридоти маблағҳо ба буҷет мебошад, чунки соли гузашта воридоти маблағҳо аз алоқа хеле кам шудааст.
Бино ба гуфтаи манбаъ, таҳлил нишон додааст, ки даромад аз андозҳо аз ҳисоби коҳиши зангҳои овозӣ кам шуда, дар ҳамин ҳол, истифодаи трафики интернет афзудааст. Агар соли 2016 сокинону меҳмонони Тоҷикистон қариб 9 млрд. мегабит интернет истифода карда бошанд, пас соли 2018 ин нишондиҳанда ба беш аз 25 млрд. мегабит расидааст.
“Аз ин рӯ, дар ҳукумат тасмим гирифтанд, ки арзиши интернетро бо зангҳои овозӣ баробар созанд, то ки фарқият ҷой надошта бошад”, - қайд мекунад ӯ.
Аввал дастрасӣ ба ҳамаи мессенҷерҳоро қатъ карданӣ буданд
Бино ба қавли ҳамсуҳбати мо, ҳукуматдорон якчанд варианти баргардонидани одамон ба зангҳои маъмулии овозиро баррасӣ намудаанд.
“Пешниҳоди аввал дар он ифода меёфт, ки барои мессенҷерҳо тарифҳои ҷудогона ҷорӣ шавад. Муштариён метавонистанд барои зангҳои овозӣ ва барои дигар кор дар интернет тарифҳои алоҳида харидорӣ намоянд. Ҳамчунин варианти қатъи дастрасӣ ба ҳамаи мессенҷерҳо низ баррасӣ шуд. Лекин ин пешниҳод рад шуд, зеро мушкилоти қатъи дастрасиро метавон ба воситаи VPN (филтршиканҳо) ҳал намуд”, - гуфт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки яке аз ширкатҳои мобилӣ то 30% ва идораҳои дахлдор то 0,10 сомонӣ боло бурдани арзиши интернетро пешниҳод намудаанд.
“Пас аз баҳсҳои тӯлонӣ дар ниҳояти кор хулоса ҳосил шуд, ки арзиши интернет то 5 дирам барои мегабайт боло бурда шавад. Ин маънои онро дорад, ки арзиши гуфтугӯ тариқи интернет ва зангҳои овозӣ баробар мешаванд”, - афзуд манбаи “Азия-Плюс”.
Ёдрас мекунем, ки Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон бо дастури худ аз операторони мобилӣ талаб намуд, ки нархи 1 Мб Интернетро дар ҳаҷми на камтар аз 5 дирам муқаррар кунанд.
Айни замон агар як гигабайти интернет дар операторони Тоҷикистон тақрибан 30-35 сомонӣ нарх дошта бошад, пас аз 27 март арзиши он бе назардошти андозҳои ғайримустақим на камтар аз 51 сомониро ташкил хоҳад дод. Бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) – 18% ва аксиз – 5% арзиши он на камтар аз 63 сомонӣ (6,7 доллар) мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.