Раиси Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон Ғафур Эркаев бо намояндагони Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Кумитаи андоз дар бораи масъалаи 2 баробар болоравии арзиши интернети мобилӣ ва 10 баробар қиматшавии алоқаи мобилӣ машваратҳо мегузаронад.

“Дар машваратҳо масъала шарҳу тавзеҳ дода шуда, зимни суҳбатҳо оқибатҳои ин фармоиш ва таъсири он ба иқтисоди кишвар то охири сол мавриди баҳсу баррасӣ қарор дорад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” дар ин робита Ғафур Эркаев.

Бино ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин аз номи Ассотсиатсия ба унвони Вазорати адлияи ҷумҳурӣ барои муайян кардани то кадом андоза қонунӣ будани содир шудани ин фармоиш дархост равона шудааст. “Умедворем, ки моро шуниданд”, - иброз дошт ӯ.

Раиси Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилӣ ба фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО, ки ин масъаларо пайгирӣ доранд, миннатдорӣ изҳор намуд.

“Агар ин дастур мавриди амал қарор гирад, дархост ба шумори харидории трафик босуръат поин хоҳад рафта, агар интернет серталабу серхаридор набошад, ба талафоти молиявӣ боис мегардад. Ҳамчунин муносибатҳои мутақобила бо муштариён низ камтар мешаванд”, - қайд кард ӯ.

Ҳамчунин ба қавли номбурда, дар ин қарор мавқеи истисноии ҶСК “Тоҷиктелеком” нофаҳмо мебошад.

Дар ҳамин ҳол, Ғафур Эркаев зикр кард, ки агар аз машваратҳо натиҷае ҳосил нашавад, Ассотсиатся барои исботи ҳақ будани худ маҷбур хоҳад шуд, ки ба ҳукумати кишвар муроҷиат намояд.

Тавре қаблан хабар дода будем, мувофиқи дастури Хадамоти зиддинҳисорӣ, операторон бояд як мегабайт интернетро бо нархи на камтар аз 5 дирам фурӯшанд. Айни замон як гигабайт интернет дар операторони мобилӣ тақрибан 30-35 сомонӣ нарх дорад. Аз 27 март нархи он бе назардошти андозҳои ғайримустақим 51 сомонӣ ва бо назардошти ААИ – 18% ва аксиз – 5% на камтар аз 63 сомонӣ (6,7 доллар)-ро ташкил хоҳад дод. Ин маънои онро дорад, ки интернет беш аз ду маротиба қимат мешавад.

Ҳамчунин мувофиқи ин қарор, арзиши гуфтугӯ бо NGN 10 баробар – аз 10-12 дирам то ба 1,2 сомонӣ боло меравад.

Зангҳои дохили шабака низ қимат шуда, агар қаблан як дақиқаи гуфтугӯ дар дохили шабакаи операторони Тоҷикистон тақрибан 1 дирам нарх дошт, акнун арзиши онҳо бо назардошти ААИ ва аксиз тақрибан 12,3 дирамро ташкил хоҳад дод. Ин тағйироти нархҳо ба ҶСК “Тоҷиктелеком” дахл надорад.

Қобили зикр аст, ки қабули ин қарор ташвишу изтироб ва сарусадоҳои зиёдеро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба бор овард: сокинони кишвар ҳатто бо хештеги #Япротив (Ман мухолифам) флешмоб роҳандозӣ намуданд.


Дар ҳамин ҳол, соли 2011 Созмони Милали Муттаҳид дастрасии озодро ба Интернет ба рӯйхати ҳуқуқҳои бунёдии инсон шомил кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед