Ғизои бо гӯшти гӯсфанд пухташуда аз қадим дар Ӯзбекистон маъмулу писандида аст. Дар ин хусус аз вилояти Сурхондарёи кишвари ҳамсоя гузориши видеоӣ таҳия намудем.

Мегӯянд, маҳз дар ҳамин ҷо гӯшти гӯсфанд мулоиму болаззат аст. Сокинони ин маҳал тарзи ба худ хоси таҳияи ин ғизоро медонанд.

Ошпази бомаҳорат дар як бор то 50 кило гӯшти мулоиму болаззатро бо накҳати гуворои арча ва дигар гиёҳҳои хушбӯй пухта метавонад.

Тандӯркабоб ғизоест, ки маъмулан аз гӯшти гӯсфанд, баъзан аз гӯшти гову буз дар танӯр пухта мешавад. Ба оташи он ҳезуми бурс ё арча ва гиёҳҳои хӯшбӯй меандозанд.

Дар навори видеои мо бо тарзи тайёр кардани тандӯркабоб дар ин минтақаи Ӯзбекистон аз наздик шинос шуда метавонед.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.