Дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории карнавали идона шояд ҳатто симҳо барои ҳаракати троллейбусҳо низ муваққатан канда шаванд.

Мақомоти шаҳрдории Душанбе сокинон ва меҳмонони пойтахтро огоҳ мекунад, ки дар робита ба оғози корҳои омодагӣ ба ҷашни Наврӯз, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбонҳои асосии шаҳр маҳдуд карда мешавад.

Дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҳаракати нақлиёт аллакай аз 12 март маҳдуд шуда, ин ҷо аз Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) то пул болои дарё Душанбе аз соати 9 то 13:00 ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиёт маҳдуд мешавад. Маҳдудияти ҳаракати нақлиёт дар ин самт то 16 март идома меёбад.

Харитаи баста шудани роҳҳо
Asia-Plus

Аз 16 то 21 март аз соати 10:00 то 14:00 воситаҳои нақлиёт тариқи хиёбони Рӯдакӣ (аз гузаргоҳи меҳмонхонаи “Тоҷикистон” то ТВ “Сафина”) гузашта наметавонанд.

Рӯзи 21 март зимни баргузории карнавали идона ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар маркази пойтахт аз соати 08:00 то 13:00 манъ мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз мақомоти шаҳрдорӣ.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки дар давраи аз 16 то 25 март ҳаракати троллейбусҳои №1 ва №10 дар хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ пурра қатъ мегардад. Сабаб дар он аст, ки дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории карнавал симҳои барқ барои ҳаракати троллейбусҳо муваққатан канда мешаванд.

Ин рӯзҳо дар ин самт мусофирон метавонанд аз автобусҳои №3 ва №8 истифода кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.