Дар рӯзҳои истироҳатии Наврӯз, ширкати Tcell муштаракан бо маркази тиҷоратии «Душанбе Мол» шоуи технологии бузургмиқёси «T-tech 2019»-ро баргузор менамояд! Оё мехоҳед ба технологияҳои навоварона ва муосир робитаи мустақим дошта бошед?     Пас, шитобед ба «T-tech 2019» биёед! Ин ҷо шумо бо барномаву замимаҳои мобилӣ, навгониҳои технологӣ ва роҳбурдҳои ҷадид дар бахши электроника ошноӣ пайдо мекунед.

Шоуи технологии «T-tech 2019» рӯзҳои 23 ва 24 март, соати 15:00  дар таваққуфгоҳи бози «Душанбе Мол» (Ашан) оғоз мегардад.

Шоу аз ду қисмат иборат хоҳад буд: технологӣ ва тафреҳӣ (фароғатӣ). Дар бахши технологии чорабинӣ ширкатҳои бузурги Тоҷикистон, ки дар соҳаи фанноварии ҷадид фаъолият менамоянд, дастоварду комёбиҳои худро ба намоиш мегузоранд.   

Ширкати Tcell барои муаррифӣ ва роҳандозии замимаи нави мобилӣ, ки ба ҳар як корбар ёрдамчии ивазнашаванда хоҳад буд, омода аст. Дар шоу Wi-Fi фаъол буда, мушовирон барои боргирӣ, насб ва нишон додани роҳу усули кори замима ба хоҳишмандон кӯмак хоҳанд кард.

Ширкати Samsung муаррифии на фақат телефони ҳушманд, балки смартфони оянда – Galaxy S10 ва телевизори бузурги тамғаи QLED TV-ро дар ин ҷо баргузор менамояд. Намояндагони Самсунг дар бораи функсияҳои фанновариҳои ҷадид нақл мекунанд. Иштирокчиёни шоу имкон доранд, соҳиби бурди навгониҳои технологӣ дар «T-tech 2019» гарданд!

Ширкати Hyundai бошад, якбора ду тамғаи мошини нави тавлидотӣ - Santa Fe ва Tucson 2019-ро ба намоиш мешгузорад. Olu4a Taxi замимаи фармоиши таксиро муаррифӣ карда, ба онҳое, ки мехоҳанд дар телефонашон ин барномаро насб намоянд, кӯмак мерасонад. Аввалин Бонки Молиявии Хурд дар мавариди хизматрасонии онлайнии бонк ва “Корти Осон”, шогирдони Dushanbe Makerspace дар бораи ихтирооту дастовардашон ба ҳозирин нақл хоҳанд кард. Кинотеатри «Кайҳон» бо эълонҳо, аммо ширкати PMP Group бо тӯҳфаҳои хотиравӣ табъи иштирокчиёнро болида месозанд. Боз як шарики  «бомазза»-и чорабинӣ – ширкати Coca-Cola Tajikistan аз асрори маъруфияти ин нӯшоба дар саросари олам хоҳад гуфт.

Бо ҳамаи ин шоуи технологӣ ба итмом намерасад: шуморо ғизоҳои болаззат аз тарабхонаву қаҳвахонаҳои маъруф дар қисмати тафреҳӣ интизор аст.

Ширкати «Food Master», ки соҳиби ҳаққи тамғаҳои молии ҷаҳонӣ аст, меҳмононро бо таомҳои болаззат зиёфат медиҳад: ин ҷо бо маззаву тамъи «Southern Fried Chicken Tajikistan», «Лагман Хаус», «Baskin Robbins Tajikistan», «Tea Funny Tajikistan» шинос шудан мумкин аст. Маркази дилхушии бачагонаи «Аладдин» барои атфол барномаи рангоранги фароғатӣ омода ва пешкаш карданист.  

Қисмати мусиқӣ шуморо бо тамомии зебоиҳо ва санъати нотакрор ошно менамояд. Ҳама чиро дар сатҳи олӣ ва муосир пешниҳоди Шумо хоҳем сохт! Технология ва мусиқӣ- фақат ба гунаи олӣ!    Дар  «T-tech 2019» ҳунармандони маъруфу шинохта: Шабнами Сурайё, Нигина Амонқулова, гурӯҳи «Авесто», Мадина Ақназарова, Фирӯз Паллаев, Самандар Пӯлодов, гурӯҳи панҷнафараи «Роҳи Абрешим» ва «Monday Beat» -у гурӯҳи созию овозии «Западний Квартал» ҳунарнамоии хоҳанд кард.

Чиптаҳоро ба  «T-tech 2019» аз ғурфаҳои маркази тиҷоратии «Душанбе Мол» бо нархи 10 сомонӣ барои 1 рӯз дарёфт кардан мумкин аст.

Биёед, аз назари технологӣ хеле ҷолиб хоҳад буд!

Маълумоти муфассал дар бораи ин рӯйдод дар сафҳаҳои расмии ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷуд аст.

FB: https://www.facebook.com/tcell.tj/

Instagram: https://www.instagram.com/tcell.tj/?hl=ru

OK: https://ok.ru/tcell.tj

VK: https://vk.com/tcell

___________________

 Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.