Дар як соли охир беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар кардаанд. Аммо то ҳол баъзе аз сокинони кишвар мепурсанд, ки чӣ гуна ба ин кишвар сафар намуд ва чиро бояд донист.

Барои сафар ба Ӯзбекистон кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?

Шаҳрванди Тоҷикистон ба Ӯзбекистон танҳо бо шиносномаи хориҷии биометрӣ метавонад сафар намояд. Бо шиносномаи дохилӣ (ID-card) иҷозаи ба Ӯзбекистон ворид шудан нест.

Чӣ гуна метавон худро дар қайди расмӣ гузошт?

Баъди вориди Ӯзбекистон шудан, дар муддати 3 шабонарӯз шумо бояд худро дар қайди расмӣ гузоред. Шумо метавонед дар ҷойи истиқомати муваққатӣ – меҳмонхона ё хонаи хешу табор худро дар қайд гузоред.

Ифтитоҳи гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон
Сурат: Мир 24

Нархи дар қайди расмӣ гузоштан 3,4 ҳазор сӯм ё муодили 0,4 доллар (3,7 сомонӣ)  барои 1 шабонарӯз аст. Барои 30 шабонарӯз 102 ҳазор сӯм ё 12 доллар (113 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад. Барои то 3 рӯз арзиши дар қайди расмӣ гузоштан 1 доллар (9,4 сомонӣ) аст.

Бо мошини шахсӣ чӣ гуна ба Ӯзбекистон метавон сафар намуд?

Ҳангоми убури сарҳад бо мошини шахсӣ, шаҳрванди Тоҷикистон бояд 60 доллар боҷи гумрукӣ пардохт намояд. Ин барои 30 рӯзи ҳаракат дар қаламравӣ Ӯзбекистон аст. Агар шишаҳои мошини шумо сиёҳ карда бошад 15 доллар бештар маблағ пардохт бояд кунед.

Сурат: surxontongi.uz

Барои сокинони худи Ӯзбекистон нархи сиёҳ кардани шишаҳои мошин беш аз 15 миллион сӯм ё тақрибан 2000 доллар аст.

Бо чӣ миқдор маблағ метавон вориди Ӯзбекистон гардид ва аз он ҷо хориҷ шуд?

Шаҳрванди Тоҷикистон метавонад то 3 ҳазор долларро бе мушкил ба хориҷи кишвар содирот намояд. Аммо агар шумо бо худ то 10 ҳазор доллар дошта бошед, маҷбуред, ки дар ин бора ба таври хаттӣ иттилоъ диҳед. Дар сурати беш аз 10 ҳазор доллар доштан, шуморо зарур аст, ки иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро барои содироти арзи хориҷӣ пешниҳод намоед.

Ифтитоҳи гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон
Сурат: Мир 24

Шаҳрвандони хориҷӣ аз Ӯзбекистон бо 2 ҳазор доллар метавонанд бе мушкил хориҷ шаванд. Аммо агар маблағ аз 2 ҳазор доллар зиёд ва то 10 ҳазор доллар бошад, бояд ба таври хаттӣ дар ин бора иттилоъ пешниҳод намоянд.

Барои беш аз 10 ҳазор доллар иҷозатномаи Бонки миллии Ӯзбекистон лозим аст.

Чӣ миқдор бор метавон ворид намуд?

Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми ворид шудан ба Ӯзбекистон метавонанд то 50 кг бор бо худ дошта бошанд. Аммо нархи он набояд беш аз 1000 долларро ташкил намояд.

Сурат: uza.uz

Аммо тибқи қонунгузории Ӯзбекистон аз ин кишвар содирот кардани баъзе молҳову ашёҳо танзим карда мешавад. Масалан, ҳангоми аз Ӯзбекистон хориҷ шудан шумораи ҷавоҳирот то 5-то ва вазни умумии он то 30 грамм бояд бошад. Ҳамчунин, соати дастӣ на беш аз ду дона бошад. Дар сурати аз муқаррарот зиёд будани ашё ё мол шумо маблағи иловагӣ пардохт менамоед.

Инчунин, содироти баъзе аз маҳсулот (масалан гӯшт, гандум) ва молҳои қимматбаҳо (сангҳои қимматбаҳо, ашёи арзиши таърихӣ ва фарҳангидошта), паррандаву ҳайвоноти нодири ҳифзшаванда ба хориҷи Ӯзбекистон мумкин нест.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.