Ширкати Tcell арзиши хизматрасонии «Роуминги ҳақиқӣ»-ро барои муштариёне, ки ба кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистону Чин ба сафар мебароянд, коҳиш медиҳад! Нархи ягона ва коҳишёфта барои 1 Мб Интернет дар роуминг барои давлатҳои номбурда ҳамагӣ 50 дирамро ташкил медиҳад!

Ҳар кадоме аз мо, қабл аз ба сафар баромадан дар мавриди иртибот (алоқа) фикр мекунем. Табиист, ки рӯз аз рӯз иртиботи мустақим бо дунёи муосир миёни одамон тавсеа меёбад ва он аз бахшҳои муҳими рушди ҷомеа маҳсуб мешавад. Барои ҳар як одам алоқаи доимӣ бо пайвандону наздикон зарур буда, он ҳангоми сафар боз ҳам бештар аз ҳар вақти дигар эҳсос мегардад. 

Мафҳуми «роуминг» дар тафаккур ва дарки бештари муштариён сарфу харҷи зиёдро мефаҳмонад, аммо Tcell қолабҳои кӯҳнаро мешиканад!

Ширкати Tcell дар кишварҳои ҳамсоя – Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистону Чин арзиши роумингро коҳиш медиҳад! Ҳамакнун, нархи 1 Мб Интернет дар роуминг барои ин кишварҳо ҳамагӣ 50 дирамро ташкил мекунад! Ҳамеша дар иртибот бошед, эҳсосоти худро пинҳон надоред, аз фаъолияти корӣ ва комуникатсия дар канор набошед! “Роуминги ҳақиқӣ” аз  Tcell манфиатовар аз ҳар вақти дигар аст!

Бо кӯмаки утоқи инфиродии “Тcell-и ман” («Мой Tcell» (My Tcell) бошад, имкони тафтишу санҷиши масрафот дар реҷаи онлайн вуҷуд дорад.

Пайваст шудан бо хизматрасонии “Роуминги ҳақиқӣ” бо нархҳои коҳишёфта барои кишварҳои Авғонистон, Қирғизистон ва Қазоқистону Чин тавассути фармони *601*1# имконпазир аст.

Арзиши хизматрасонии роуминг аз Tcell барои кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Авғонистону Чин:

  • Зангҳои воридотӣ – 3 сомонӣ/1 дақиқа
  • Зангҳои содиротӣ ба Тоҷикистон – 5 сомонӣ/1 дақиқа
  • Зангҳои содиротӣ аз кишвари иқомат – 4,5 сомонӣ/1 дақиқа
  • SMS (паёмак) – 70 дирам

Барои тафтиш кардани он ки оё хизматрасонии мазкур, яъне роуминг пайваст шудааст, ё не,  фармони *601#-ро иҷро кунед. Пас аз ин ба Шумо паёмак бо муҳтавои хизматрасоние, ки пайваст шудааст, ирсол мегардад.   

___________________

 Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.