Дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе – автобусу троллейбусҳо акнун назоратчиён (контролёрон)-и махсус кор мекунанд, ки ба санҷиши тартиби пардохт ва ошкор намудани шахсони бебилет уҳдадоранд.

Ташаббуси дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр ҷорӣ намудани хадамоти назоратчиён дар доираи давра ба давра амалисозии Лоиҳаи «Низоми пардохти электронӣ ва назорати равуо дар нақлиёти мусофирбари истифодаи ҷамъиятии шаҳри Душанбе» сурат мегирад.

Назоратчиён ба Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва оператори низоми пардохти автоматишуда ва назорати равуо дар нақлиёти шаҳри Душанбе «City Card» тобеъ мебошанд.

Ҳадаф аз ташкили гурӯҳи назоратчиён санҷиши кортҳои ҳақиқии равуо доштани мусофирон, тартиб додани ҳисоботнокӣ ва мусоидат ба беҳбуди кори низом тариқи баргузории мониторинг унвон мешавад.

Вазифаҳои хизматӣ ва ҳуқуқи назоратчиён

«City Card» ба таъмини назоратчиён бо таҷҳизоти зарурии назорати пардохти роҳкиро - POS-терминали махсус уҳдадор аст, ки тавассути он онҳо пардохти роҳкироро аз ҷониби мусофир, дар суратҳсобаш мавҷуд будани маблағ ва ғайраро месанҷанд.

Дар чаҳорчӯби санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар соҳаи воситаҳои нақлиёт ва муқаррароти МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» уҳдадорӣ ва ҳуқуқҳои назоратчиён муайян шудааст.

Назоратчӣ ҳуқуқ дорад ба:

- Дархости пешниҳоди билет барои санҷиш;

- талаби пардохти роҳкиро;

- аз воситаи нақлиёт фаровардани мусофир дар сурати рад шудани пардохти роҳкиро;

- аз воситаи нақлиёт фаровардани мусофир дар ҳолати вайрон кардани тартибот дар нақлиёти ҷамъиятӣ;

- дар сурати қонуншиканӣ дархост намудани пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият барои тартиб додани санади намунаи дахлдор ва фиристодани он ба мақомоти марбута.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.