Ширкати Tcell шабакаи фурӯши чаканаро тавсеа мебахшад. Маркази нави хизматрасонии мушатриёни Tcell дар шаҳри Душанбе бо нишонии кӯчаи Беҳзод 14 (рӯ ба рӯи боғи А.Навоӣ) дари худро боз кард. 

Маросими ифтитоҳи марказ бо иштироки Озодхон Давлатшоев, директори генералии Tcell баргузор шуд.  

Тарроҳии дафтари ҷадиди ширкат бо усули наву муосир ва роҳкорҳои замонавӣ анҷом ёфта, сабки тозаи тамғаи молӣ, ки инъикосгари хусусияти пешрафтаи Tcell мебошад, ба ҳусну қубҳи марказ афзудааст. Дар ин ҷо барои ҳар як муштарӣ фазои ором, роҳат ва хизматрасонии босифат муҳайё гардидааст.


Дар ин ҷо ва умуман дар марказҳои хизматрасонии ширкати Tcell кормандони ҳирфаии баландихтисос, ки давраи бозомӯзиро гузаштаанд, фаъолият менамоянд. Муштариён метавонанд дар марказҳои мазкур ба ҳама пурсиши худ посух бигиранд, мушкилоти техникии иртиботашонро рафъ созанд, симкорти Тсеll-ро фаъол намоянд ва ё ба тавозунашон маблағ гузаронанд, ба тарофаи писандидаашон пайваст шаванд, барномаи “Тезсум”-ро боргирӣ ва насб намоянд. Ин замима имкон медиҳад, ки дар кӯтоҳтарин фурсат маблағ интиқол бидиҳед ва ё пардохтҳои мухталифро анҷом диҳед.


Ба ғайр аз машварату хизматрасонӣ, дар маркази нави ширкат имкони харидани телефонҳои ҳушманд, роутер, таҷҳизоти гуногуни мобилӣ, армуғону маҳсулоти Tcell вуҷуд дорад.

«Бо ҷорӣ намудани сабк (тамға)-и нав, ширкати Tcell дар назди худ ҳадафҳои бузург мегузорад: татбиқи фанновариҳои ҷадиди технологӣ дар ҳаёти кишвар, ки он Тоҷикистонро ба шабакаи глобалии ҷаҳонӣ пайваста, ҷумҳуриро ба пешрафт ва тараққӣ мебарад. Ва дафтари нав дар Душанбе мутобиқ ба меъёр (стандарт)-ҳои ҷаҳонӣ аст. Дар маркази технологӣ муштариён имкон доранд хизматрасонии босифат, зуд ва қулайро дарёфт намоянд, таҷҳизотҳои наву муосир бихаранд.    Таъмини хидматрасонии бароҳат, муносиб ва оҷил барои ширкат муҳимтарин самти фаъолият маҳсуб мегардад»,- мегӯяд директори генералии Tcell Озодхон Давлатшоев.


___________________

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил.

AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.