Гурӯҳи “Шамс”, Ҷонибек Муродов, Зайнура Пӯлодова ва Фотима Машрабова дар доираи ҷашни Наврӯз дар Royal Garden Hotel-и Лондон ҳунарнамоӣ карданд.

Ба таҷлили ҷашн беш аз 250 нафар ҳамватанони муқими Лондон ҳозир шуданд. Метавон гуфт ин нахустин чунин чорабинии бузургмиқёс дар Лондон аст, ки барои ҳамватанон бепул ташкил шуд. Чорабинӣ ҳанӯз 23 март доир гардида, лекин мо натавонистем, ки онро аз мавриди таваҷҷуҳ дур андозем.

Чорабинӣ бо ташаббуси сафоратхонаи Тоҷикистон дар Британияи Кабир бо дастгирии ширкати ҳавоапаймоии “Сомон Эйр” ва як қатор сарпарастони хусусӣ байни ҳамватанони бурунмарзӣ, аз ҷумла Ҳофиз Шаҳидӣ, писари оҳангсоз Толиб Шаҳидӣ, ки муқими пойтахти Британия Кабир аст, баргузор шудааст.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.