Ба обуҳавои боронии пайдарпай дар Тоҷикистон муғчаҳои дарахти гелос бештар осебпазир буда, қисмате аз меваи ин дарахтон аллакай осеб дидаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, майдони умумии боғҳои меваи дарахтони донакдор дар Тоҷикистон 78 ҳазор гектарро ташкил дода, асосан аз дарахтони зардолу, олу, гелос, олуча ва шафтолу иборат аст.

Минтақаҳои асосие, ки дар он бештар гелоси ширину болаззат пухта мерасад, ноҳияҳои Вахш ва водии Ҳисор ба шумор мераванд.

“Дар шароити нигоҳубину парвариши хуб ва обуҳавои мусоид, дар як мавсим аз як гектари боғи дарахтони мевагӣ метавон то 6 тонна ҳосил ба даст овард, - мегӯяд яке аз фермерони Ҳисор. – Имсол аз ҳосили хуб интизорӣ дорем, давраи шукуфтани муғчаҳо муътадил гузашта, лекин борону жолаи кӯтоҳмуддат дар баъзе минтақаҳо ба ҳосили мева зарар расонид”.

1/4

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.