Академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Ӯлмас Мирсаидов бо ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод” сарфароз гардонида шуд.

Аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Ҳунармнади мардумии Озарбойҷон Рауф Абдуллоев, Рассоми халқии Арманистон Роберт Элибекян, шоири қазоқ есенгалӣ Раушанов, нависандаи қирғиз Мар Байҷиев, Ҳунармнади халқии Туркманистон Атагелдӣ Гарягдиев, президенти маркази таҳқиқоти “Пажӯҳишгоҳи Курчатов Михаил Ковалчук, академики Академияи илмҳои Молдова Ион Абабий низ бо ин ҷоза қадрдонӣ шуданд.

Маросими тақдим чоизаҳо рӯзи 15 май дар Форуми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви ИДМ дар пойтахти Туркманистон доир мегардад.

Қодили зикр аст, кии Ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод” дар се бахш - илму маориф, фарҳангу ҳунар ва ҳамчунин фаъолияти гуманитарӣ тақдим гардида, аз мукофотпулӣ (2 млн. рубл), ифтихорнома, нишони фахрии ҷоизадор ва шаҳодатнома ба он иборат аст.

Ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод” бори нахуст соли 2010 тақдим гардида, солҳои пешин намояндагони Тоҷикистон - рассом Вафо Назаров, шоир Низом Қосим ва ҳунарманд Ибодулло Машрабов ба он сазовор догниста шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.