Дар хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва як қатор оилаҳои фаъоли шаҳр аз Рӯзи оила таҷлил карда шуд.

Тавре дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, Маъруф Муҳаммадзода ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии оила табрику таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид дошт, ки оила рукни асосии ҷомеа маҳсуб меёбад ва аъзои он бо солимиву фаъолнокии худ ба ҷамъият ва давлат нафъи зиёд меоварад.


Гуфта мешавад, раиси шаҳр таъкид дошт, ки тоҷикон соҳиби анъанаи хуби оиладорӣ мебошанд, ки он ҳамаи масоили марбут ба оила ва муносибату муоширати байни аъзои оиларо дарбар мегирад, ки риоияи он имкон медиҳад, оилаҳои босуботу пойдор ва хушбахт бештар шавад.


Дар анҷоми суханронии худ Маъруф Муҳаммадзода таъкид дошт, ки ҳукумати шаҳри Хуҷанд ҳамасола ҷиҳати таҳкими оила, тарғибу ташфиқи тарзи ҳаёти солим, сафарбарии аҳли ҷомеа ба бундёкориву созандагӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Сипас, аз ҷониби раиси шаҳри Хуҷанд ба 6 ҷуфт оилаҳои намунавии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла оилаи адибон Наҷимовҳо аз маҳаллаи Масҷиди Савр, оилаи барқароркунандагони сохти конститусионӣ Раҳимовҳо аз маҳаллаи Тути калон, оилаи кормандони соҳаи ободонии шаҳр Нишоновҳо аз маҳаллаи Суғдиён, оилаи зиёиён Қосимовҳо аз маҳаллаи Сайҳун, оилаи маорифчиён Бобоҷоновҳо аз маҳаллаи Навбаҳор ва оилаи ҷавон Ҷалоловҳо аз маҳаллаи 1 май роҳхати сафари 3-рӯза ба шаҳри бостонии Самарқанд ва китоби тозанашри «Нигина ва Мирмалик»-и адиби шинохта Додохони Эгамзод дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.


Ёдрас мешавад, ки соли гузашта низ чунин иқдом аз ҷониби шаҳрдорӣ, яъне ташкили сафари оилаҳои намунавӣ ба шаҳри бостонии Самарқанд дар Рӯзи байналмилалии оила сурат гирифта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.