Ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Гулбегим Раҳмоноваи 29-сола имрӯз аз Русия ба Тоҷикистон фиристода мешавад.

Дар ин бора дар саҳифаи худ дар Facebook корбари шабака Bakht Ovar хабар медиҳад. Ӯ зикр кардааст, ки Гулбегим ҳанӯз рӯзи 2 май дар шаҳри Клини вилояти Маскав бар асари сактаи қалб вафот кардааст.

Ҷасади Гулбегим Раҳмонова муддати тӯлонӣ дар мурдахона (морг) шахсияташ номаълум нигоҳ дошта шуд. Bakht Ovar тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба корбарон муроҷиат намуд, то ки ба маълум кардани шахсияти марҳум кумак расонанд, вагарна ҷасад ҳамчун бесоҳиб сӯзонида (крематсия) мешуд.

“Ба ман хабар доданд, ки дар мурдахонаи шаҳри Клин ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ шуда, агар наздикону пайвандонаш ҷасадро нагиранд, он сӯзонида мешавад”, - навишта буд ӯ.

Бо талоши диаспораи тоҷикон ин масъала роҳи ҳалли худро пайдо намуда, маълум шуд, ки Гулбегим Раҳмонова аз ноҳияи Ҳамадонӣ будааст. Пас аз марги шавҳар ӯ моҳи феврали соли 2019 барои пулкоркунӣ ва таъмини рӯзгори оила ба Русия рафтааст.

Акнун ду фарзандӣ ӯ - Юсуфи 8-сола ва Абдуллои 3-сола, ки дар тарбияи бибиашон - модари Гулбегим қарор доштанд, ятим монданд.

Фарзандони Гулбегим - Юсуфи 8-сола ва Абдуллои 3-сола
Facebook

Бино ба маълумоти расонаи мустақили “Ахбор” дар ин робита, Гулбегим Раҳмонова бо чанде аз дугонаҳояш ба ҷустуҷӯи кор ба ин шаҳр омада, дар як шароити хеле номуносиб дар як таҳхона зиндагӣ мекардаанд. Дугонаҳои Гулбегим гуфтаанд, ки вақте пулис онҳоро дар он таҳхона дастгир кард, Гулбегим сахт тарсид ва дилаш ҳамон вақт зад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.