“Тоҷикфилм” нахуст ҳамчун озмоишгоҳи филмҳои таърихиву мустанад таъсис ёфта, сипас ба яке аз таҳиягарони филмҳои маъруфи замони худ табдил ёфт.

Комил Ёрматов, Иброҳим Барамиков, Михаил Вернер, Борис Кимёгаров, Тоҳир Собиров, Рафаил Перелштейн ва дигарон, ки дар зинаҳои аввали таъсисёбии “Тоҷикфилм” қарор доштанд, филмҳое таҳия намуданд, ки дар сафҳаҳои таърихи кинематография сабт шуданд.

Бо паси сар намудани давраҳои мушкил имрӯз киностудияи “Тоҷикфилм” боз қомат рост мекунад: аллакай бо шаклу услуби нав.

Давоми 89 сол дар анбори киностудия сарулибос ва анҷому асбоби зиёде барои наворбардории филмҳо ҷамъ шудааст, ки дар навори видео манзуратон мегардонем.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.