Санаи 17 майи соли 2016 барои нахустин бор дар Тоҷикистон маросими тақдими ҷоизаҳои озмуни "Суруди сол” доир гардид. Чорабинии бузургмиқёсу пуршукӯҳ он замон бо ташаббуси радиои “Азия-Плюс” роҳандозӣ шуда буд.

Барномаи писандидатарини фароғатии телевизионӣ, даҳҳо нафар ҳунармандон - беҳтарин ситораҳои эстрада. Муддти се сол озмун бо чунин тарзу услуб гузаронида шуд.

Сипас “Суруди сол”-ро Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ таҳти сарпарастӣ гирифт. Дар Вазорат тасмим гирифтанд, ки муҳтавои озмунро тағйир диҳанд ва ба он мусиқии халқӣ ва классикиро низ дохил карданд.

Озмун чӣ гуна сурат мегирифт

Ҳосили дастранҷи “Азия-Плюс” то ҳол вуҷуд дорад. Леикн кам касоне дар хотир доранд, ки нахустин озмуни маъруф чӣ гуна баргузор шуда буд.

Гурӯҳи “Иқбол”, Парвина Шукруллоева, Манижа Давлатова - барои бисёре аз ҳанармандон озмун қуллаи авҷи фаъолияти эҷодиашон маҳсуб меёфт.

Овозхон ва сурудҳоро шунавандагон интихоб мекарданд. Ҳар ҳафта онҳо тариқи радиои “Азия-Плюс” овоз дода, аз рӯи натиҷаҳои он рӯйхатҳои марҳилавӣ тартиб дода мешуданд. Охири сол беҳтаринҳо дар як саҳна ҳунарамоӣ мекарданд. Чанде аз сарояндагон махсус барои иштирок дар озмун оҳангу тарона эҷод мекарданд.

Маросими нахустини тақдими ҷоизаҳо ба қадре бошаҳомату бузургмиқёс буд, ки дар толор президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вақти Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳузур доштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.