Русия ба муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) нафақа мепардозад. Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон дар иттиҳоди зери роҳбарии Русия аъзо ҳастанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мақомоти Русия гуфтаанд, муҳоҷирон ҳатто дар сурати ба кишварҳои худ баргаштан, низ нафақа дарёфт хоҳанд кард.

Ин меъёр дар шартномаи таъмини нафақаи иттиҳод ворид шудааст, ки дар ҳоли таҳия гардидан аст. Пардохти нафақа аз соли 2020 шурӯъ ва ҳамасола афзоши меёбад.

Гуфта мешавад, меъёрҳое, ки дар ҳоли ҳозир амал мекунанд, пардохти нафақаро танҳо ба касоне пешбинӣ кардаанд, ки дар Русия зиндагии доимӣ доранд. Ба ин тартиб, муҳоҷироне, ки Русияро тарк мекунанд, нафақа намегиранд.

Ба иттилои вазорати меҳнати Русия, дар солҳои 2020-2021 фонди нафақа аз рӯи шартномаи нав 166 миллион рубли изофӣ пардохт хоҳад кард. Аммо бо гузашти ҳар сол ҳаҷми пардохтҳо бештар мешаванд.

Айни ҳол, бино бар қонунгузории Русия, корфармо аз ҳисоби маоши муҳоҷири меҳнатӣ ба фонди нафақа андоз мепардозад. Вале муҳоҷирон наметавонанд, даъвои нафақа кунанд. Фонди нафақаи Русия шарҳ надод, ки андозҳои муҳоҷирон ба кӣ пардохта мешаванд.