Дар робита ба баргузории нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) аз 13 то 16 июн дар Душанбе дар ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои пойтахт маҳдудият ҷорӣ карда мешавад.

Аз 13 то 16 июн ҳайатҳои баландпояи 27 кишвари дунё ба пойтахти Тоҷикистон ташриф меоранд, ки байни онҳо 19 нафар сарони давлатҳо ҳузур хоҳанд дошт.

Бино ба маълумоти Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон, дар ин рӯзҳо ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯҷаҳои пойтахт манъ карда мешавад.

Кадом соатҳову ба кадом муҳлат баста шудани роҳҳо маълум нест, лекин зикр мешавад, ки роҳҳо дар сурати пайдо шудани зарурат баста мешаванд.

Дар харитаи мо бо ранги сурх роҳҳои кӯчаҳое нишон дода шудаанд, ки метавонанд баста шаванд. Бо ранги сабз бошад, роҳҳои ҳамшафати убур (гузаштан) аз онҳо.


Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.