Бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба фаъолияти маҷмааи истироҳатию фароғатӣ дар соҳили чапи дарёи Сир, канори хиёбони Раҳмон Набиев, паҳлуи чойхонаи Сирдарё ҳусни оғоз бахшида шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, маҷмааи истироҳатию фароғатӣ, ки алҳол ҳудуди 300 метрро фаро мегирад, бо назардошти бунёди шиногоҳи нав, майдончаҳои бозии футболу волейбол ва тенис, пайроҳа, истгоҳи нақлиётӣ, нуқтаҳои хизматрасонии обҳои ташнашикан, яхмос, дастгоҳҳои машқу тамрин ва дигар инфрасохтори зарурӣ барои шаҳрвандон дар кӯтоҳтарин фурсат бунёд карда шуданд.

Гуфта мешавад, дар як вақт зиёда аз 100 нафар варзишгарон дар ин макон ба тамрин машғул гардида, беш аз 1000 нафар сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд истироҳат карда метавонанд. Ҳудуди Маҷмааи истироҳатию фароғатии навбунёд бо чароғпояҳои муосир таҷҳизонида шуда, барои истироҳати комили шаҳрвандон шароити мувофиқ муҳайё карда шудааст.

1/8

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва сохтмончиёни маҷмааи истироҳатӣ барои чунин иқдоми созандагӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, дастур дод, ки барои нигоҳдошти хубу тоза ва таъмини амнияти истироҳаткунандагон тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки ин мавзеъ дорои имкониятҳои хуби истироҳатӣ дошта, дар ояндаи наздик то ҳудуди беморхонаи шараёни дил соҳили дарёи Сир идома ёфта, ба мавзеъи бузурги истироҳатию фароғатии меҳмонону сокинони шаҳри Хуҷанд мубаддал гардонида мешавад ва ба ҳусни шаҳр таровати дигар мебахшад.

Раиси вилояти Суғд ба роҳбарияти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дастур дод, ки ҷиҳати ба таври доимӣ омода намудани шиногоҳ мутобиқ ба меъёрҳои замони муосир тадбирҳо андешанд ва барои бехатарии шаҳрвандон бунгоҳи назоратӣ таъсис диҳанд.