“Ҳамсарам, ҳамсари вафодорам, нозбардору нозпарварам, волотар аз ҳама дӯстони ҷониям, сарчашмаи идроку илҳомам, осоиши рӯзгору дилпуриам дар роҳи пуршебу фарози ҳаёту фаъолиятам дар ҳама давру замонҳои зиндагиям, модари беназиру меҳрубон, гулпарвари хонадону фарзандони азизам, ки ҳамеша одобу масъулият, покию накӯкорӣ, инсофу адолат, сабру таҳаммул ва одамиятро меҳвари зиндагию ҳаёташон меҳисобиданд, роҳи охираташонро паймуданд”, - навиштааст раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон  Маҳмадсаид Убайдуллоев, дар саҳифаи Фейсбукияш баъди як ҳафтаи даргузашти ҳамсараш.

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳамчунин дар изҳороти худ таъкид кардааст, ки “бо амри Офаридгор ҳаёти одамизод абадӣ набуда, собитгари омадану рафтанҳост. Дигар ҷояшон холист, аммо муҳаббату садоқати оиладорӣ, ҳамдилию вафодории беҳамто ва рӯҳи покашон бароямон ҷовидонист. Худованд хонаи охираташонро обод ва фирдавси баринро барояшон насиб гардонад.”

Ва байте аз Гулрухсор Сафиеваро овардааст:

Нури сафои имон дар чеҳрааш аён, рафт,

Хуршеди хона модар, хуршеди осмон рафт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, бо муроҷиат ба тамоми мардуми Тоҷикистон, ки ба ӯ ҳамдардӣ баён намуданд, изҳор доштааст,  ки “аз ғамшарикӣ ва изҳори тасаллияти самимимонаатон нисбати мусибати оилавиям аз самими қалб сипосгузорам ва оид ба эҳтироми бевоситаю ирсолнамудаатон назди ҳар яки Шумо сари таъзим фуруд меорам. Ҳамеша саодатмандию шодкомии рӯзафзуни Шумо ва хонаводаатонро аз даргоҳи ХУДОВАНДИ МУТАОЛ таманно менамоем”.

Ёдрас мешавем, ки ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев, Рӯзигул Каримова рӯзи 2 июл аз олам даргузашт. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ бемории ҷиддие надошт ва фақат чанд рӯзи охир аз дарди гулӯ ранҷ мекашид. Ҳамсари Убайдуллоев дар мазҳари ом ҳеҷ гоҳ зоҳир намешуд ва сирф ба тарбияи фарзандонаш машғул шуда, ба масоили давлатӣ дахолат намекард.