Айни замон дар шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 580 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ташкил шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ  ба 38 ҳазору 618 нафар кӯдакон ба таври ройгон  амалиёти хатна гузаронида  шудааст.

Ҳуҷраҳои махсус ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон бо миқдори кофии доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ барои ин амалиёт таъмин аст.

Гуфта мешавад, хатна бо розигии волидон аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон гузаронида мешавад.

Ҳамчунин маросими хатна бояд танҳо дар муассисаҳои тиббии дахлдор ройгон ва бо розигии волидон то 20 рӯзи таваллуди тифл гузаронида шавад.

Қобили зикр аст, ки тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» дар робита ба гузаронидани кӯдакон аз амалиёти хатнаи ройгон дар муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар байни кӯдакон мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.