Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Туркия (ТИКА) ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон амаликардааш дар соҳаи тандурустӣ боз як лоиҳаи дигар илова намуд. Дар доираи “Барномаи дастгирии солимии модару кӯдак дар ноҳияҳои деҳот” дар Маркази солимии деҳаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ корҳои таъмиру навсозӣ анҷом дода шуд.

Дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳа дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бинои Маркази тиббӣ кӯчонида ва дар ҷойи он бинои ду баробар бештар аз рӯйи майдони ишғолкарда сохта шуд.

Ҳамчунин Маркази тиббӣ бо ҳама гуна таҷҳизоти тиббӣ ва мебели зарурии дафтари корӣ таъмин карда шуд.

Маркази солимии деҳаи Арбобхотун, ки дар он наздики 12 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, ягона маркази тиббӣ дар деҳа аст. Соли 2017 беш аз 43,5 ҳазор нафар ба марказ муроҷиат намуда, қариб дар 57 ҳазор ҳолатҳо ҳайати тиббӣ дар хонаҳо кумаки тиббӣ расонидааст.

Дар маркази тиббӣ, ки дар он ба сурати умум 9 табиб ва 12 ҳамшираи шафқат кор мекунанд, табибони оилавӣ, дандонпизишкон, шуъбаи гинекология, шуъбаи муолиҷаи бемориҳои чашм, касалиҳои дарунӣ ва ғайра фаъолият мекунанд.

Дар ТИКА зикр мекунанд, ки амалисозии лоиҳа ба афзоиши имконоти маркази тиббӣ ва пешниҳоди хизматгузориҳои тиббӣ ба аҳолӣ дар шароити бештар мусоид нигаронида шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.