Нашрияи “Народная воля”-и Беларус чанде пеш дар бораи моҷаро ва нофаҳмиҳо байни “Тоҷикфилм” ва коргардони маъруфи замони шӯравӣ ва Тоҷикистону Беларус, ҳамчунин ҳунарманди кино Маргартиа Қосимова (Марворид Қосимова) маводе ба чоп расонид.

Бо истинод ба Қосимова нашрия хабар медиҳад, ки зимни сафари ӯ ба Тоҷикистон дар доираи Кинофестивали байнулмилалии VIII “Дидор” дар Душанбе моҳи октябри соли 2018, бо “Тоҷикфилм” ба мувофиқа расидаанд, ки филми муштараки Тоҷикистону Беларусро наворбардорӣ мекунанд.

Маргарита Қосимова
Сурат: minsknews.by

Гуфта мешавад, лекин вақте коргардон бо ҷалби панҷ нафар дар Беларус ҳамаи корҳои омодагӣ ба наворбардории филмро ба анҷом мерасонад, киностудияи “Тоҷикфилм” аз наворбардории он даст мекашад.

Дар ҳамин ҳол, дар киностудияи “Тоҷикфилм” мегӯянд, бо Қосимова ба созиш расида буданд, ки бо киностудияи “Беларусфилм” филми муштарак наворбардорӣ карданро дар нақша доштанд.

“Наворбардорӣ бо “Беларусфилм” пешбинӣ гардида буд, лекин Қосимова ширкатҳои хусусиро ба ин кор ҷалб намуда, аз мо пардохти 350 ҳазор доллар маблағро талаб кард, ки барои мо хеле маблағи зиёд аст, зеро бо ин пул дар Тоҷикистон метавон се филм наворбардорӣ кард. Газашта аз ин, мо барои бастани шартнома бо ширкатҳои хусусӣ ҳуқуқ надорем”, - изҳор намуд ба “Азия-Плюс” директори киностудияи “Тоҷикфилм” Носир Раҳмон.

Носир Раҳмон
Сурат: Asia-Plus

Директори киностудия қайд кард, ки онҳо аз сенария истифода набурдаанд, аз ин рӯ, набояд маблағ пардохт кунанд. “Ба муаллиф иҷоза додем, ки дар сурати пайдо шудани шахсони манфиатдор онро фурӯшад”, - гуфт ӯ.

Зимнан зикр шуд, ки шояд соли оянда онҳо бори дигар кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, ки бо ҳамтоҳои беларусии худ филми муштарак наворбардорӣ намоянд.

“Наворбардории филмро дар нақша дорем, лекин агар маблағ пайдо шавад ва танҳо ҳамроҳ бо “Беларусфилм”. Шояд ҳамин сенарияро истифода барем, лекин коргардон шахси дигар мешавад”, - илова намуд Носир Раҳмон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.