Дар шаҳри Самарқанд нахустин фурӯшгоҳи иҷтимоӣ боз шуд, ки дар он эҳтиёҷмандон барои худ ё аҳли оилаву фарзандонашон бепул сарулибос дастрас карда метавонанд. Онро сокинони маҳаллӣ Алексей Березовский ва Хайрулло Мамасолиев боз намуданд.

Мағоза дар кӯчаи Гагарин, наздикии мактаби №7 воқеъ буда, ба туфайли хабару навиштаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва телеграм-каналҳо, дар фурсати хеле кӯтоҳ ба макони маълум барои сокинон табдил ёфт.

“Ҳар рӯз ба ҳисоби миёна то 20 нафар ба мо сарулибос ва дигар чизҳо меоранд ва ҳамин шумор одамон аз ин ҷо чизҳо мегиранд. Дар бораи фурӯшгоҳи мо аллакай берун аз вилоят огаҳӣ пайдо кардаанд. Ҳатто аз шаҳри Тошканд низ ба мо чизҳо мефиристанд”, - мегӯяд ихтиёрӣ Хайрулло Мамасолиев.

Хабар дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) таҳия гардида, гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.