Олимони соҳаи тиби Шветсия гурӯҳи хунеро номбар карданд, ки барои бемории саратон (рак) осебнопазир аст. Маълум шуд, ки шумори камтарини гирифторони бемории саратон байни шахсоне ҳузур доранд, ки дорои гурӯҳи I  хун мебошанд, иттилоъ медиҳад МедикФорум.

Олимони Пажӯҳишгоҳи Каролини Шветсия ним аср пеш таҳқиқоти худро оғоз намуданд. Онҳо беморонро дар дармонгоҳҳои Британияи Кабир назорату муоина карданд. Муддати 35 сол беш аз миллион нафар беморон мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифтанд.

Зимни озмоишҳо муайян карда шуд, ки одамони дорои гурӯҳи якуми хун аз ҳама камтар ба бемории саратон гирифтор шуда, лекин онҳо тез-тез аз бемориҳои дарди меъда (гастрит) ва яра (язва) дар узвҳои гуногун азият мекашанд.

Муаллифони пажӯҳиши нав дар ин соҳа хулосаҳои ҳамтоҳои худро аз Англия, ки қаблан ба хатари гирифторӣ ба бемории саратони меъда бештар осебпазир будани шахсони дорои гурӯҳи дуюми хунро зикр намуда буданд, тасдиқ карданд.

Гуфта мешавад, шахсони дорои гурӯҳҳои сеюм ва чоруми хун, ки дуюмаш хеле кам вомехӯранд, бештар ба гирифтор шудан ба бемории саратони ғадуди зери меъда (рак поджелудочной железы) осебпазиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.