АНОНС

- Ғолиби Чемпионати Асотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни ҷавонон дар шаҳри Душанбе муайян мешавад. Дар вохӯрии даври охирин дастаҳои Тоҷикистону Эрон бозӣ мекунанд. Оғози бозӣ соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.4398 сомонӣ;

1 евро – 10.5631 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1439 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1848 – Курсии дандонпизишкӣ соҳиби патент шуд.

1935 – Ифтитоҳи Спартакиадаи аввалини кӯдакони Тоҷикистон.

2018 - Беш аз 250 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар кори ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд ширкат варзиданд: аз рӯи натиҷаҳои чорабинӣ ба маблағи беш аз 100 млн. доллар қарордоду созишномаҳо ба имзо расиданд.

1907-1978 – Зодрӯзи нависанда Ҳабибулло Назаров.

1913-1983 – Мавлуди тарҷумон Ҳабиб Аҳрорӣ.

1919 – Зодрӯзи рассом, дорандаи Ҷоизаи ба номи А.Рӯдакӣ Сироҷиддин Нуриддинов.

1936-2011 – Мавлуди ҳунарпешаи театру кино Бурҳон Раҷабов.

1939 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Раҷаб Ҳусейнов.

1952-2014 — Мавлуди арбоби фарҳанги Тоҷикистон Саидбухорӣ Маҷидов.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 15 август аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.