Фестивали ҷумҳуриявии автомашинаҳои қадима ва мусиқии Retro Auto & Retro Music Fest-2019 дар майдони 800-солагии Маскав доир гардид. Ин дафъа он хеле бузургмиқёс буд: даҳҳои минтақа барои волидону кӯдакон, ситораҳои эстрада ва хеле зиёд озмуну ҷоизаҳо.

Аз ҳама асосиаш автомашинаҳо. Дар намоишгоҳ тамғаҳои нодири автомашинаҳои "Победа", "Москвич", "Волга", "Запорожец", "Лада", Chevrolet, Ford, Mercedes-Benz, Pontiac ва Volkswagen ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Имкон фароҳам буд, ки ба автомашина нишаста, аксбардорӣ ва ҳатто бо он ҳаракат кунӣ, зеро ҳамаи онҳо коршоям буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.